Нуриддин Саид ва Олга Василева масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисосро баррасӣ карданд

Июнь 1, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 1.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Вазири маорифпарварии Федератсияи Россия Олга Василева мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакат дар самтҳои илм ва маориф баррасӣ гардиданд.

«Зикр шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муассисаи таҳсилоти олии касбӣ-Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистон-Россия, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми муносиб мегузоранд»,- хабар дод манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли хониши нав ба фаъолият оғоз намудани 50 омӯзгори рус дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳо бо китобҳо, тайёр кардани мутахассисон дар риштаи адабиёти рус ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат  факултетҳои забон ва адабиёти рус ва садҳо гурӯҳҳои русӣ амал намуда, дар 175 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон дар синфу гурӯҳҳои забони русӣ таълим мегиранд.

 

 

Июнь 1, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад