Қоҳир Расулзода бо Абдулло Абдулло мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси иҷрояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло мулоқоти хосса анҷом дод.
Дар мулоқоти хоссаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳолати кунунӣ ва муносибатҳои дуҷонибаю дӯстонаи ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хостори пойдории сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар Афғонистон буда, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.
Зимни мулоқот вобаста ба густариш бахшидани муносибатҳои дӯстонаи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон ва пайдо намудани роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо изҳори назар карда шуд.
Дар мулоқоти васеи ҳайатҳо аз тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи неку дӯстонаи ҳарду кишвар, ки бо тадбирандешиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ марҳилаи нав касб кардаанд, ёдовар шуданд.
Вобаста ба тақвият бахшидани мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъавор низ табодули назар карда шуд. Амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, иқтисоду саноат, роҳу нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ ва ғайра, ки равобити Тоҷикистону Афғонистонро боз ҳам мустаҳкам намуда, дар баланд гардидани иқтисодиёти ҳарду кишвар заминаи мусоид мегузоранд, махсус таъкид гардид.
Ҳамчунин дар доираи мулоқот аз тарафи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.
Ғайр аз ин байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мухобирот ва технологияи маълумотии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмию техникӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маъдан ва петролюми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки ҳолати кунунии муносибатҳои неку дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро фарогир буд, бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Дар нишаст тарафҳо сафари расмии Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва иштироки ӯро дар Конференсияи байналмилии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» натиҷагирӣ карда, онро барои ҳарду давлат манфиатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо тақвият бахшидани муносибатҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар оянда муҳим маънидод карданд.








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






