«ОБ АЗ ТИЛЛО ҚИМАТТАР». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав ба нашр расид, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 4.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Об аз тилло қиматтар»- таҳти чунин унвон китоби доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар нашриёти «Истеъдод» ба нашр расид, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шудааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асар оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ дар ҷаҳон, инчунин донишҳо дар бораи об, хосиятҳои муолиҷавӣ, истифодаи амалии он дар ташхис ва табобати бемориҳои гуногун маводи хонданӣ нашр гардидааст.
Китоби мазкурро донишҷӯён, пизишкон, кормандони илмӣ, омӯзгорон, кормандони ВАО ва онҳое, ки солим будан мехоҳанд истифода бурда метавонанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






