ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон тамузи тобистон фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар вилояти Хатлон ҳарорат ба 41 дараҷа мерасад. Бинобар пешгӯии мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири ҳафтаи равон идома хоҳад кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +7+12 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18 +23 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






