ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад

Июнь 5, 2018 08:19

ДУШАНБЕ, 05.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то 40 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 5 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +10 + 15 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона +33 +35 ва шабона +17+19 дараҷа гарм мешавад.

 

Июнь 5, 2018 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ