ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Июнь 16, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 16.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз  16  июн дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво бебориш буда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+20 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 11 ва рӯзона +26 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба сати ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +19 ва рӯзона +35 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Инчунин обу ҳаво дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш пешгӯи  шудааст. Дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 16, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд