«ОИЛАИ ОФТОБИИ МАН!». Таҳти ҳамин унвон дар мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гашт

Июнь 1, 2018 13:25

ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  дар мактаб–интернати  №3-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Оилаи офтобии ман!» доир гардид. Муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ   ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат  паёми  табрикии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро расонид.

М.Муинӣ зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.

Баъди тамошои  барномаи ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ  тарбиятгирандагони мактаб – интернат сари  хони идона нишастанд.

Сипас ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат  туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.

 

Ёдовар мешавем, ки мактаб-интернати махсуси №3 соли 1968 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфта,  дар он  хонандагоне ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд, ки  падару модар надоранд  ва ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Дар мактаб-интернати мазкур  кӯдакони имконияташон маҳдуд  дар баробари таълим  бо ҷойи хоб, 4 вақт хӯроки гарм ва либос таъмин  мешаванд. Тамоми  хароҷоти мактаб – интернат аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе пардохт  мешавад.

 

Июнь 1, 2018 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд