Ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат
ДУШАНБЕ, 19.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ду рукни асосӣ омили рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Ин нукта дар конфронси илмию амалие, ки 19 июн дар Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва донишмандону коршиносон доир гардид, зикр шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронс буда, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ дар самти иҷрои се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик азизу муқаддас мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар тамоми арсаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ ба шакли нави рушди давлатдорӣ – табдил додани ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ ба давлати индустриалӣ-аграрӣ рӯ овардааст, ки он яке аз заминаҳои асосии дурнамои рушди босуботи иқтисодиёти кишварамон маҳсуб мешавад.
Дар конфронс муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода доир ба рушди устувори иқтисод ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ сухан карда, афзуд, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш рушд намуд. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 81%-и солҳои аввали соҳибистиқлолӣ батадриҷ коҳиш ёфта, соли 2017 он 29,7 %-ро ташкил дод. Интизор меравад, ки то соли 2020 он 20% коҳиш дода шавад.
Инчунин дар мамлакат иншооти муҳиму бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, назири роҳ, пулу нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва боз чандин иншооти гуногун, ки барои рушди иқтисоди миллӣ хеле муҳиманд, ба истифода дода шуданд. Сохтмони иншооти муҳим дар кишвар дар татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат нақши муассир гузоштанд.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон роҷеъ ба ваҳдати миллӣ ва дигар паҳлуҳои рушду дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои афзалиятноки рушди мамлакат ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҳифзи арзишҳои миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат мебошад, то ягон неруи бегона ба амнияти давлати мо хавфу хатар эҷод насозад.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






