Озмуни XV байналмилалии санъати китоб дар Душанбе ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ-ро интихоб ва қадрдонӣ менамояд

Июнь 28, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 28.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 30 июни соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни  XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» ва ҳамзамон директори озмуни мазкур Қурбоналӣ Буриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ба озмун намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои ИДМ даъват шудаанд, ки вазифаи онҳо аз рӯйи номнатсияҳои пешниҳодшудаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширӣ интихоб ва қадрдонӣ намудани ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ мебошад.

Аз ҷумла, дар озмун аз кишварҳои ба мо дӯсти Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Федератсияи Россия, Туркманистон ва аз ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон- нашриёт ва муассисаҳои «Ирфон», «Ношир», «Эр-граф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик» ва ғайра китобҳо ба озмун пешниҳод гаштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад.

Бояд гуфт, ки имсол дар кишвари мо баргузории ду чорабинии сатҳи баланди ин Шӯро дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки мутасаддии Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои  ноширии кишварҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» мебошад.

 

Июнь 28, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад