Паҳлавонони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё соҳиби медал гардиданд

Июнь 22, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар  шаҳри Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид. Дар он 34 нафар (16 нафар миёни наврасон, 18 нафар миёни ҷавонон) паҳлавонони тоҷик иштирок доранд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -50 кг, -55 кг, -60 кг, -66 кг миёни писарон ва -40 кг, -44 кг, -48 кг, -52 кг миёни духтарон доир гардиданд. Паҳлавонони  навраси тоҷик миёни писарон дар ҳамаи вазнҳо рақобат карда, сазовори 2 медал шуданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг соҳиби медали тилло ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -55 кг соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Сулаймон дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари ӯзбек Камол Ҳошимов ва варзишгари Қазоқистон Маҳамбет Раҳмет ғолиб омад. Ӯ дар даври нимфинал ва финал варзишгарони Ӯзбекистон Ғанишер Худойбердиев ва Шайхназар Шарифбоевро шикаст дод.
Фарорун Мирзошоев дар даври муқаддамотӣ бар Хонполат Ирисбеков (Қирғизистон), Нурдавлат Амонкоссов (Қазоқистон), Адолат Аскарбеков (Қирғизистон) пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз намояндаи Ӯзбекистон Мақсуд Очилов шикаст хӯрд. Фарорун дар рақобат барои ҷои сеюм Даврон Кайратулу (Қазоқистон)-ро мағлуб намуд.

Умед Асматуллобеков дар вазни -55 кг ва ва Бузургмеҳр Сарахонов дар вазни -66 кг ҷои панҷумро ишғол карданд.

Дар рақобатҳо миёни наврасон 200 нафар варзишгар (62 духтар, 138 писар) аз 12 давлат иштирок доранд.

Имрӯз  қувваозмоиҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг миёни писарон идома меёбанд.

 

Июнь 22, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид