Пешвои миллат: «То ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода мешавад»
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Конибодом суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар тантанаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дирӯз дар ин шаҳр баргузор гардид, гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Пешвои миллат дар ин суханронӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «се сол баъд, яъне 9-уми сентябри соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад».
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки «итминони комил дорам. ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






