ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОН МАМНУН ҲУСЕЙН ВА САРВАЗИРИ АФҒОНИСТОН АБДУЛЛО АБДУЛЛО БО САФАРИ РАСМӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД. Ҳафтаи оянда ташрифи меҳмонони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд шурӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-22 июни соли равон баргузор мешавад. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло 20 июн бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамоянд.
Ҳамчунин 20-22 июни соли 2018 дигар ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба Душанбе меоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






