Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 18, 2018 17:15

ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейнро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад.

Инчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамояд.

Июнь 18, 2018 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд