Рӯзҳои наздик боз 2 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи наздик, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ҳамоҳангиҳои заруриро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом медиҳад. Дар ин росто, дар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда боз 2 кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба кишварамон баргардонида мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳукми дахлдор аз тарафи мақомоти судии Ироқ дар ин хусус содир шудааст ва ин кӯдакон рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ талошҳои худро барои иҷрои дастури дахлдори Пешвои миллат идома хоҳад дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






