Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.
Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдуллоро аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом дод.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ доир намуданд
Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло инчунин 20 июн дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ кард.









Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






