Рамазон Раҳимзода: «Бояд зери парчами Ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорем»
ДУШАНБЕ, 18.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону шунавандагон, курсантони Академия ва волидони онҳо маросими дипломсупорӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ хатмкунандагон ва тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда зикр намуд, ки «умедворем ҳамагон зери парчами Ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ, рушду тараққиёт, сабзу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории давлату миллати куҳанбунёдамон камари ҳиммат баста, сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳем».
Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ зодаи даврони Истиқлолият ва ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон буда, тавонистааст дар муддати начандон тӯлонии фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. «Мисоли равшани он шумо — хатмкунандагони муҳтарам мебошед, ки имрӯз ҳамчун мутахассисони баркамол барои таъмини амнияту суботи кишвар ва хизмат ба миллату давлати хеш саф кашидаед. Набояд фаромӯш кард, ки шурӯъ аз ин лаҳзаҳои идона ва хотирмон, давлату миллат дар назди шумо масъулияти бештареро аз ҷумлаи таъмини амнияту суботи комили ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир мегузорад. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки бо донишу маърифат ва ҷаҳонбии аз омӯзгорону роҳбарони хеш андӯхта аз уҳдаи чунин масъулият низ сарбаландона баромада метавонед», — гуфт Р. Раҳимзода.
Зикр шуд, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити илмомӯзии насли ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат Академияи Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби чунин бинои муҳташами таълимӣ гардид, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






