Рассоми тоҷик Зокир Собиров аз Украина бо медали тилло баргашт
ДУШАНБЕ, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рассоми тоҷик Зокир Собиров аз шаҳри Виннитсаи Украина бо медали тилло баргашт.
Тавре номбурда дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, чанде қабл дар шаҳри Виннитсаи Украина озмуни «Рассоми беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он рассомони зиёда аз 8 давлати дунё иштирок доштанд. Озмуни мазкур аз 8 номинатсия иборат буд. Ҳар як иштирокчии Озмун бо номинатсияи худ баромад намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Иштирокчиёни озмун дар даврҳои якуму дуюми он асарҳои худро тариқи электронӣ фиристониданд. Ҳайати ҳакамон барои даври ҷамъбастии озмуни мазкур иштирокдоронро ба Украина даъват намуданд.
Дар озмуни мазкур доир ба равияҳои ихтиронамудаи Зокир Собиров — «Нурворизм» ва «Танворизм» машғулияти омузишӣ доир гардида, намунаи онҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки «Нурворизм» аз калимаи тоҷикии нурвор гирифта шуда, маънои рӯшноидиҳиро дорад. Ин тарзи эҷод имкон медиҳад, ки бинанда атрофро бо тамоми ҳастиаш мушоҳида созад.
«Танворизм» низ аз калимаи тоҷикии танвор гирифта шуда, маънояш матоъ мебошад. Рассом дар ин равия асарҳоеро иҷро намудааст, ки аз омезиши матоъҳо иборат аст. Дар танворизм нозукиҳое инъикос мегардад, ки инсон онро бо чашмони одӣ дида наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки Зокир Собиров соли 2015 ҳам дар яке аз озмунҳои рассомӣ, ки дар ИМА доир шуд, сазовори медали тилло гардида буд.













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






