Рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он-омили муҳим барои ҳифзу нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ

Июнь 8, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе  Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори форум муовини Вазири  меҳнат, муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолӣ  Абдусалом Мирзозода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода, мушовири Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдуғаффор Камолов, коршиносони соҳаҳои гуногун, олимону муҳаққиқон ва ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Дар доираи Форум ярмаркаи соҳавии  ҷойҳои корӣ барои корҷӯён, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи ташкилотҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва намоиши имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат доир гардид.

Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода зикр намуд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигаҳдошти манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.

«Дар замони муосир, ки амиқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур карда, шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, маҳз рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба майдонҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайваста имрӯз набзи зиндагии кишвар гардидааст»,-афзуд Р.Назарзода.

Зикр карда шуд, ки ҳадафи Форум, пеш аз ҳама, тақвият  ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир мебошад.

Июнь 8, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд