Сафари кории Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон
ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо як ҳайати корӣ ба Покистон ташриф оварда, бо Мушовири Сарвазири ин кишвар оид ба масъалаҳои амниятӣ Носир Хон Ҷанҷуа, Сардори артиш Қамар Баҷва ва роҳбарони дигар ниҳодҳои қудратӣ дидору мулоқот анҷом дод.
Зимни музокироту гуфтушунидҳо масъалаҳои таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар соҳаи амният, роҳҳои ба эътидол овардани вазъи низомию сиёсӣ дар минтақа, мусоидат дар таъмини суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва монанди инҳо, муҳокима гардиданд.
Ҷониби Покистон ҳамчун яке аз кишварҳои аз лиҳози низомӣ қудратманд, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таҷрибаи бой андӯхтааст, изҳор дошт, ки бо мақомотҳои низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ҳар ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо зуҳуроти нави геополитикӣ, хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.
Дар ин мулоқот оид ба самтҳои умдаи муносибатҳои дуҷониба, таъмини бехатарии тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту энергетика, ҳамкориҳои минтақавӣ, мувофиқати комили мавқеъҳои ҳар ду ҷониб таъкид гардид.
Мулоқоту гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои вусъати тоза бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити кунунӣ ва оянда мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






