«Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ», — таҳти ин унвон дар Душанбе мизи мудаввар доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Сайёҳӣ: имконият, мушкилот ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» суҳбати «мизи мудаввар» доир намуд.
Ҳамоиши мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор карда шуд. Дар он роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, донишҷӯёни риштаи сайёҳии макотиби олии кишвар ва коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода перомуни захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, оид ба корҳои анҷомшуда, дастовардҳои соҳа ва нақшаҳои дарпешистода ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Тибқи барномаи мизи мудаввар ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар мавзӯи «Гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», декани факултаи географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Амриддин Самиев дар мавзӯи «Дурнамои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомиддин Сайфуллоев дар мавзӯи «Ташкилотҳои нақлиётӣ ва нақши онҳо дар рушди сайёҳӣ», мудири шуъбаи географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи «Зарфияти сайёҳӣ-рекреатсионии сарзаминӣ», директори осоишгоҳи табобатии «Сатурн» Абдусаттор Назриев дар мавзӯи «Гиёҳҳои шифобахш ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст,ки соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳавуллоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст.
Дар рафти ҳамоиш ҷиҳати беҳбуд бахшидани соҳаи сайёҳӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






