Сарбозон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ савганди садоқат ёд карданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарбозоне, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шудаанд, баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ барои садоқат ба Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Имрӯз, 26 июн бахшида ба ҷашни 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сарбозоне, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шудаанд, баъд аз хатми курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ барои садоқат ба Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дода, изҳор доштанд, ки дар маросими тантанавӣ зиёда аз 320 нафар сарбозон Савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Сардори Маркази таълимии «Пойтахт» полковник Абдувоҳид Мирзозода зимни табрики ҳозирин бо Рӯзи ваҳдати миллӣ иброз дошт, ки «сарбоз – ҳомии Ватан аст. Ҷавонони шарафманду ватандӯст бояд анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар ва таъмини амнияти он саҳми арзанда гузоранд».
Ҳамчунин падару модарони сарбозон ба фарзандони худ хизмати софдилона таманно карданд. Дар навбати худ сарбозон ваъда доданд, ки барои ба боварии роҳбарияти давлат ва мардуми тоҷик сазовор будан хизмати софдилона мекунанд.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ сарбозону афсарони Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






