Сергей Лебедев ба ташкил ва натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар изҳороти матбуотӣ ба ташкил ва натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 1 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, баҳои баланд дод. Дар ҷаласа аз 11 давлати узви ИДМ намояндаи 10 кишвар, аз ҷумла, шаш раиси ҳукумат ва се муовини раиси ҳукумат иштирок доштанд.
Сергей Лебедов саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар доир намудани чунин ҳамоиши сатҳи баланд махсус таъкид намуда, зикр кард, ки «меҳмондории самимии тоҷиконро иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар дақиқаи аввали ташриф ба Душанбе эҳсос намуданд».
«Вохӯрии ғайрирасмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳо, ки дирӯз баргузор гардид, аз таваҷҷуҳи махсуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаласаи мазкур шаҳодат медиҳад», -гуфт С. Лебедов.
С. Лебедов аз муносибатҳои хуби ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шуда, гуфт, ки мо бояд бо ҳамсояҳои худ дӯстӣ кунем. Таъкид шуд, ки дар баробари масъалаҳои рӯзнома дар ҷаласа инчунин муносибатҳои хуби ҳамсоягии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд.








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






