Шартномаи грантӣ оид ба «Рушди таҳсилоти инклюзивӣ» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония — АКДҶ ҷиҳати амалӣ шудани «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 силсилаи чорабиниҳоро татбиқ мекунад.
Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими расмии тасвиби шартномаи грантӣ оид ба «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар шаҳри Ҳисор (марҳилаи 2-юм) баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония – АКДҶ роҳравҳо барои аробачаҳои маъюбӣ бунёд намуда, иншооти барои кӯдакони имконияташон маҳдудро дар мактабҳои рақами 15 ва 24-и шаҳри Душанбе тармим ва шароити мусоид барои таҳсили онҳо фароҳам месозад.
Ғайр аз корҳои барқарорсозӣ, аробачаҳои махсус, асбобҳои ёрирасон, лавозимоти таълимӣ барои синфхонаҳо дастрас карда мешаванд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон дар самти таҳсилоти инклюзивӣ машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳои соҳавӣ гузаронида мешаванд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ зикр кард, ки таҳсилоти фарогир падидаи нав буда, зимни он тамоми кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар қатори кӯдакони солим ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока изҳор кард, ки дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат ба одамони маъюб дар сатҳи шоиста гузошта шуда, ба мушкилоти онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад. Чунин муносибати олии инсондӯстӣ моро барои расонидани кумак дар амалишавии «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯҳбаланд месозад.
Дар марҳалаи аввали лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд» марказҳои рушди таҳсилоти фарогир дар ду мактаби миёнаи шаҳри Ҳисор таъсис дода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






