Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди соҳибкорӣ дар Душанбе зимни «бизнес-наҳорӣ» баррасӣ шуд

Июнь 28, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 28.06.2018/АМИТ «Ховар»/. «Сиёсати пулию қарзӣ  ва нақши он дар рушди  соҳибкорӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз бори  нахуст дар Душанбе   ҷамъомад  дар шакли «бизнес-наҳорӣ»- «Дар ҷараён бош!», ки дар ҷомеаи соҳибкорони кишварҳои мутамаддин хеле маъруф аст, доир гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ки Ассотсиатсияи  миллии менеҷерон ва маркетингшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМММ/ ташаббускори ҷамъомад буда, дар он роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои хурди молиявӣ,  соҳибони бизнес ва менеҷерони  сатҳи олӣ,  намояндагони сохторҳое, ки  назорат ва иҷрои  сиёсати пулию қарзиро  амалӣ месозанд, олимон ва мутахассисони  соҳаи менеҷменти  молиявӣ  ва инвеститсионӣ, коршиносони  лоиҳаҳаҳои байналмилалӣ дар  бахши сармоягузорӣ ва идоракунии хавфҳо ширкат доштанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» раиси АМММ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бозоров гуфт,  баргузории чунин ҷамъомад–«бизнес-наҳорӣ»  имкониятҳои васеъро ҷиҳати  шиносоӣ бо таҷрибаи  самараноки соҳибкорон,  ба даст овардани  идеяҳои  нав ва тавсияҳои  судманд, роҳҳои иловагии пешбурд, имконияти ташкили  гурӯҳҳои  шарикӣ,  шиносоӣ бо ширкатҳои нав  фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки дар чунин ҳамоишҳо, ки дар муҳити  озод  доир мегарданд, иштирокдорони он масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуда, дониши худро такмил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки  дар назди иш тирокдорони   нахустин мулоқоти «бизнес-наҳорӣ»  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  Шариф Раҳимзода доир  ба «Сиёсати пулию қарзӣ  ва нақши он дар рушди  соҳибкорӣ»  сухан карда, ба саволҳои серушмори иштирокдорони маҳфил посухҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки АМММ соли 2001 таъсис ёфта, соли 2002 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Алҳол АМММ бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои  байналмилалӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.

Июнь 28, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад