Скрипканавозони моҳир барои иштирок дар озмуни байналхалқӣ даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия аз 23 сентябр то 1 октябри соли равон аввалин озмуни байналхалқии скрипканавозони Виктор Третяков баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба озмун скрипканавозони ҳамаи кишварҳо, ки 16-32 сол доранд, даъват карда мешаванд.
Озмун дар 4 давр баргузор гардида, ғолиби даври ҷамъбастӣ бо 900 ҳазор рубли русӣ мукофотонида мешавад.
Ҳоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро оид ба шартҳои иштирок дар озмун аз сомонаи www.violintretyakov.com дастрас намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






