ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июн, сешанбе, 163-юмин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 12, 2018 08:00

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

12 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия  рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

***

6 сол пеш, 12 июни соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай- «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид.  Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат варзиданд.

 12 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.

***

Дар Россия иди умумимиллӣ- Рӯзи Россия ё худ Рӯзи эълон  гардидани Истиқлолияти он.

***

Дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ.

***

Дар Туркманистон —  Рӯзи илм.

 РӮЙДОДҲО:

12 июни соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

27 сол пеш, 12 июни соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Россия Борис Елсин роҳбари давлати  ин кишвар  интихоб гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил карда шудааст.

***

12 июни соли 1900 дар Германия қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.

***

12 июни соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.

***

90 сол муқаддам, 12 июни соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи  телевизионии WCFL  ба эфир  баромаданд.   Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.

***

12 июни соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ  манъ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

***

Соли 2017 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Июнь 12, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад