ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июн, якшанбе, 168-умин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 17, 2018 08:41

 

Тақвими моро дар ин гӯша шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардид.

***

7 сол пеш, 17 июни соли 2011 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Гурӯҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Франсия оид ба корҳои хориҷӣ мушкилоти вобаста ба об дар минтақаю ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

17 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии биёбоншавӣ.

***

Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони хоҷагии об.

***

Дар Индонезия — Рӯзи кӯдакон.

 ***

Дар Испания — Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

17 июни соли 2013 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло дар назди ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» ифтитоҳ ёфт.

***

17 июни соли 2014 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ба имзо расид.

***

4 сол пеш, 17 июни соли 1801 дар Петербург Конвенсияи дӯстии Россия ва Англия ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1867 ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер аввалин маротиба дар таҷрибаи тибби англисҳо антисептик (тамиз кардани ҷароҳат)-ро ҷорӣ намуд.

***

17 июни соли 1990 дар Киев Иттифоқи «Чернобил» таъсис ёфтааст.

***

17 июни соли 1925 Протоколи Женева оид ба манъи дар ҷангҳо истифода бурдани гази нафасгардон, заҳролуд,  дигар намудҳои он ва ё воситаҳои бактереологӣ ба имзо расид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1960 дар Помир маркази табобатии «Гармчашма» ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1967 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин маротиба санҷиши бомбаи ҳидрогенӣ гузаронида шуд.

Июнь 17, 2018 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш