ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июн, шанбе, 174-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
23 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карданд.
***
5 сол пеш, 23 июни соли 2013 Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ- ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия баррасӣ карда шуданд.
23 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии олимпӣ.
***
Рӯзи хизматчиёни давлатии Созмони Милали Муттаҳид.
***
Дар Молдавия иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи политсия.
РӮЙДОДҲО:
23 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ барои нашр ва паҳн намудани ахбор аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
***
23 июни соли 2014 дар Малайзия Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба ба имзо расид.
***
4 сол пеш, 23 июни соли 2014 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии шашуми коршиносони Хадамоти сарҳадбонии мақомоти салоҳиятдори кашварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.
***
23 июни соли 1860 Хадамоти махфии Америка таъсис дода шудааст. Дар оғози фаъолият Хадамот танҳо оид ба мубориза бар зидди долларҳои қалбакӣ фаъолият мекардааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1897 бар асари оташфишонии дарозтарин вулқони Майон дар Филиппин зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
23 июни соли 1902 Австро-Венгрия, Германия ва Италия барои 12 сол Иттифоқи сегона барқарор карданд.
***
23 июни соли 1985 бар асари таркиши бомба дар дохили ҳавопаймои «Боинг-747»-и ширкати «Эр-Индия» зиёда аз 329 нафар ба ҳалокат расиданд. «Боинг-747» дар уқёнуси Атлантик дар наздикии Ирландия суқут кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1976 дар Торонто (Канада) аз ҳама манораи баландтарини ҷаҳон бо дарозии 550 метр кушода шуд.
***
Соли 1998 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз як кас ба каси дигар гузаронидани ҳуҷайраҳои мағзи сари инсон ба қайд гирифта шудааст.