ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июн, чоршанбе, 178-умин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 27, 2018 08:11

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

***

5 сол пеш, 27 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастҷамъона баргузор гардида буд.  Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногун шинос шуда, бо фаъолони ин соҳаи вилоят машварати корӣ  доир намуданд.

 27 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ваҳдати миллӣ.

***

Дар саросари ҷаҳон — Рӯзи моҳигирон.

 ***

Дар Ҷибути — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ӯзбекистон – Рӯзи кормандони  матбуот.

***

Дар Россия — Рӯзи ҷавонон.

РӮЙДОДҲО:

 27 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид.

***

27 июни соли 1930 ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Канада таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун «Дар бораи ақди никоҳ» ба тасвиб расидааст.

***

27 июни соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.

***

18 сол пеш аз ин, 27 июни соли 2000 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имтиёзи якумраи иҷтимоӣ ба даст овард.

***

27 июни соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1693 дар Лондон аввалин рӯзнома барои занон нашр шудааст.

***

Соли 1816 дар Петербург (Россия) аввалин биржаи русҳо ташкил карда шудааст.

 

 

 

 

Июнь 27, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст