ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, панҷшанбе, 179-умин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 28, 2018 08:02

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

28 июни соли 2011  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда буданд,  аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»-ро ба имзо расониданд.

***

5 сол пеш, 28 июни соли 2013 Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 Сафорати Америка дар Тоҷикистон  Маркази иттилоотӣ-захиравӣ таъсис дод.

 28 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.

 ***

Дар  Украина — Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 28 июни соли 2011 дар шаҳри  Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

***

28 июни соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба тасвиб расид.

 ***

28 июни соли 1944 ИМА муносибатҳои дипломатиашро бо Финландия қатъ кард.

***

18 сол пеш, 28 июни соли 2000 Парлумони Эстония бо мақсади ҳимояи саломатии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи манъи истеъмоли тамоку»-ро қабул кард.

***

28 июни соли 2004 Ҳукумати муттаҳидаи Ироқ ташкил гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар ИМА  аз ҳама киштии калонтарини зериобӣ ба  ҳаракат дароварда шудааст.

***

Соли 1994   футболбози дастаи мунтахаби Россия Олег Саленко дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба дарвозаи Камерун 5 гол зада, рекорд гузошт.

Июнь 28, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш