ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июн, сешанбе, 156-умин рӯзи соли 2018 аст

Июнь 5, 2018 08:02

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

5 июни соли 2012 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

***

5 сол пеш, 5 июни соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

5 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия.

***

Дар Дания  иди давлатӣ — Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

 

5 июни соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

***

5 июни соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.

***

5 июни соли 1940 дар Канада фаъолияти 16 созмон, аз ҷумла, созмонҳои фашистӣ ва коммунистӣ қатъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Норвегия муносиботи дипломатӣ баста шуданд.

***

5 июни соли 1993 дар Москва Ассамблеяи конститутсионӣ ба фаъолият оғоз намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1940 дар Америка аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Июнь 5, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш