Табодули таҷриба миёни милитсияи Душанбе ва шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Чин
ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда сафари расмии ҳайати намояндагони милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ба шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин сурат гирифт.
Тавре ёрдамчии сардораи РВКД дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар доираи сафари корӣ нахуст гуфтушунид байни ҳайати намояндагон ва роҳбарони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро намояндаи доимии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Нанкин Ли Мин Зи ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Шариф Назарзода муаррифӣ намуданд.
Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкории дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомоти ду кишвар, табодули таҷриба оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, дорои хусусияти террористиву экстримистӣ, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ зикр гардид, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ташкил карда мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






