Тармими асосии 55 километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба вақти дигар гузаронида шуд

Июнь 25, 2018 10:36

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси протоколи ҷаласаи назди Сарвазири мамлакат тармими асосии 55 километр  аз 117 километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки бояд имсол  анҷом дода мешуд, ба вақти дигар гузошта шуд. Сухангӯи ширкати Innovаtive Rod Solutions (IRS) Далери Абдулло ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки зарурати таъмини ҳаракати бетанаффуси мошинҳои боркаше, ки бо ангишт марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2-ро таъмин мекунанд, сабаби асосии  мавқуф   гузошта шудани тармими як қисми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ шудааст.

Вобаста ба ин, ширкати Innovаtive Rod Solutions, ки масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ мебошад, 24 июн шарҳ нашр карда, хабар дод, ки нақшаи тармими куллии 117 километри шоҳроҳ, ки мебоист дар мавсими имсола тармими асосӣ мешуд, бознигарӣ шудааст.

Д. Абдулло ҳамчунин зикр кард: «Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки бинобар зарур ва ногузир будани ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёти гаронвазн, ки ба кашонидани ангишт барои марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва Душанбе 2 машғуланд, дар километрҳои 61 то 106-ум таъмири куллии роҳ дар ин мавсим амалӣ намешавад. Зеро дар сурати роҳандозии таъмири асосӣ ба раванди захираи ангишт барои марказҳои зикршуда, ки фаъолияташон дар мавсими сармо ба ҳаҷми захираи ангишт бевосита рабт дорад, халал ворид хоҳад шуд. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки аз километри 61 то 106-ум танҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шавад».

Дар шарҳи ширкати Innovаtive Rod Solutions омадааст, ки тармими асосии қитъаҳои дигари шоҳроҳ идома ёфта, тармими асосии 55 километри боқимонда дар оянда анҷом дода мешавад.

Тармими асосии 62 километри боқимондаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то расидани мавсими сармо анҷом дода мешавад. Ширкат аз шаҳрвандон ва ронандагон ҷиҳати ҷой доштани баъзе нороҳатиҳо зимни таъмири асоси шоҳроҳ узр пурсида, изҳори умед мекунад, ки ронандагон ба ин нороҳатиҳои муваққатӣ бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат мекунанд.

 

 

Июнь 25, 2018 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид