Тоҷикистон дар Чиндао мутахассисони самтҳои хизматрасонӣ омода хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 июни дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Чиндао Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳо ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи ин санади ҳамкорӣ минбаъд Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндао барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони хубу варзида дар самтҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, менеҷменти меҳмонхонаҳо ва санъати меҳмондорӣ, ошпазҳо ва пешхизматҳои касбӣ омода хоҳад кард.
Ёддошти ҳусни тафоҳумро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндао Ҷианг Юпэн ба имзо расонданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






