Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай молҳои содиротии ҷумҳуриро муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 06.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре манбаъ хабар дод, дар намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тӯли 3 рӯз идома меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
«Мақсад аз ширкат дар ин намоишгоҳ- муаррифӣ намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорон мебошад»,-хабар доданд аз Палатаи савдо.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






