«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Таҳти чунин унвон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Озмуни ҷумҳуриявиро барои эҷоди беҳтарин мақола эълон намуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон- ватани азизи ман!»- таҳти чунин унвон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтарин эълон намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда, бо мақсади тарғиби зебоии табиати нодири Тоҷикистон, имконияту шароити фароҳамоварда, инъикоси таърихи куҳанбунёд ва миллати фарҳангсолор, муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ва тамоми дастовардҳои назаррас, баланд бардоштани ғурури миллӣ ва ҳисси беинтиҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ба ин восита, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, озодихоҳиву меҳанпарварӣ, садоқатмандиву ҷонфидоӣ дар роҳи нигаҳдошти марзу буми ватан баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, мақолаҳо то 31 августи соли равон қабул ва ғолибон аз ҷониби комиссияи босалоҳияти иборат аз мутахассисони соҳа баҳогузорӣ ва муайян карда мешаванд.
Довталабон метавонанд мақолаҳои худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи «Ба озмун» тариқи электронӣ дар ҳаҷми то 6 саҳифа бо шрифти Times New Roman Tj шрифти 14 ба почтаи электронии ahmadzoda8923@gmail.com ва хаттӣ ба суроғаи Кумита пешниҳод намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






