ТОБИСТОНИ МАКТАБИЁН. Дар Суғд беш аз 1000 лагери беруназшаҳриву наздимактабӣ фаъол гардидаанд

Июнь 7, 2018 08:43

ХУҶАНД, 07.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Дар вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони вилоят дар соли 2018 ситоди махсуси «Тобистон — 2018» таъсис дода шуд. Ҳадафи он тақвият бахшидан ба ҷараёни фарогирии мактабиён ба фароғати фаъол дар давраи таътили тобистона мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрии миқёси вилоят корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозиву майдончаҳои сабзкорӣ ба итмом расонида шуда, онҳо ба қабули хонандагон омодаанд.

Зикр гардид, ки дар давраи тобистони имсола дар қаламрави вилоят тибқи нақша 19 лагери беруназшаҳрӣ, 679 лагери наздимактабӣ, 243 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 30 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 39 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ бо фарогирии зиёда аз 75 000 нафар кўдакону наврасон фаъолият мебаранд. Аз шумораи умумии фарогирандагон беш аз 1000 нафарашонро кўдакони ятиму бепарастор ва 7600 нафарашонро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил дода, ба истироҳатгоҳҳо ройгон фаро гирифта мешаванд.

Инчунин ҳоло дар миқёси вилоят 19 муассисаи иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 1800 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли 2018-ум 100 нафар кўдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб гардида буданд.

Июнь 7, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад