ТУҲФА ДАР РӮЗИ ИД! Ба кӯдакону наврасони маъюби ноҳияи Рашт «Машваратгоҳи психологии тиббӣ-педагогӣ» туҳфа гардид

Июнь 1, 2018 14:56

РАШТ, 1.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бинои «Машваратгоҳи психологии тиббӣ-педагогӣ дар ноҳияи Рашт» ба истифода дода шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод.

Бинои мазкур дорои 8 утоқ мебошад. Он аз ҳисоби Ҳукумати Япония ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ барои кӯдакони маъюб ҷиҳозонида шудааст. Инчунин тибқи иттилои масъулини беморхонаи марказӣ, дар корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҳисоби соҳаи тандурустии ноҳия 30 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби сокинони ноҳия  90 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Маркази мазкур барои 281 нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-солаи ноҳия дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон туҳфаи идона буда, аз ин пас мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ва равоншиносон  дар муассисаи мазкур  ба  кӯдакони маъюб дар сатҳи баланд ройгон хизмати тиббию равонӣ мерасонанд. Ҳамзамон ин маъюбон бо  хӯроки гарм таъмин мешаванд.

Июнь 1, 2018 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад