Ҳунармандони франсуз ва дастаи ҳунарии «Навои Дарвоз» дар Душанбе маҳфили фарҳангӣ меороянд

Июнь 22, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ (21 июн) гурӯҳи ҳунармандони  машҳури франсуз ба Тоҷикистон меоянд.

Тавре 22 июн  зимни нишасти матбуотӣ намояндаи Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Этен Лансело ва иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази  фарҳангии «Бохтар» Сергей Чутко ба хабарнигорон  иброз доштанд,   чун анъана мисли  солҳои қаблӣ  Маркази фарҳангии «Бохтар»  бо мусоидати Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахти Тоҷикистон  Рӯзи ҷаҳонии мусиқиро таҷлил менамоянд. Дар ин росто,  шоми 30 июни соли равон, соати  19:30  дар майдони «800-солагии Москва»-и назди  бинои Театри  давлатии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки  ҳунармандони машҳури франсуз  Валентин Кластиер  ва Стивен  Камперман консерти калон  баргузор  мегардад.

Дар консерт ҳамзамон  овозхонҳои   дастаи ҳунарии «Навои Дарвоз» таҳти роҳбарии  Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Давлат Назрӣ  дар назди мухлисон бо шеъру таронаҳои марғуб ҳунарнамоӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки  иди мусиқӣ бори нахуст   соли 1982  бо ташаббуси вазири фарҳанги  вақти Франсия  Ҷек Ланг  ҷашн  гирифта шуд. Баъдтар ин ҷашн марзи Франсияро убур намуда,   алҳол дар зиёда аз сад давлати ҷаҳон  таҷлил  мегардад, ки ҳадафи он дастрас намудани мусиқӣ ба тамоми мардуми сайёра аст.

Дар Тоҷикистон Рӯзи мусиқӣ аввалин бор соли  2003 бо ибтикори Маркази фарҳангии  «Бохтар» таҷлил гардида, аз соли 2006 инҷониб  таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст.

 

 

Июнь 22, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад