Узви гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер” ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Узви фаъоли гурӯҳи Раҳмон бо тахаллуси “Гитлер” Назаров Фахриддин Шодибекович бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе барои содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Парвандаи ҷиноятӣ дирӯз таҳти раисии муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ шуд.
Тавре Асомуддин Бобохонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот дод, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян гардид, ки Фахриддин Назарови 43-сола, зодаи шаҳри Душанбе аз соли 1998 то 2001 бо автомати «Калашников», таппончаи «Макаров» ва дигар силоҳи сард мусаллаҳ шуда, ҳангоми дар ҷойҳои доимии ҷойгиршавии худ, воқеъ дар деҳаи Меҳтарии Теппаи Самарқандии собиқ ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) қарор доштан бо мақсади иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ҳамчун узви фаъоли ин гурӯҳи мусаллаҳ фаъолият намудааст.
Роҳбари асосии гурӯҳи мазкур Самиҷон Ибодов ва аъзои гурӯҳи мазкур Баҳриддин Камолов бо тахаллуси Борис, Алиҷон Толибов, Ҷамшед Ҷаборов, Нурулло Зарипов бо тахалуси Нурка, Зубайдулло Гиёев, Раҳимҷон Содиқов, Ҳоким Шарипов, Шамсулло Сафаров ва шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои Анвар, Рашид, Азиз, Виктор бо тахаллуси Ислом, Юсуф бо тахаллуси Кобра, Холназар бо тахаллуси Холи Чоч, Мирзо Мақсад, Қобил, Хуршед, Раман, Чумчуқ, Ибод, Раҳматулло бо тахаллуси Аркадий, Раҷаб, Саидмурод, Мастак, Фазлиддин ва дигарон будаанд.
Ин гурӯҳи бо силоҳҳои сард мусаллаҳ дар ин давраҳо ба роҳзанӣ, тасарруфи амволи ғайр, одамкушӣ ва гаравгон гирифтани одамон машғул будааст.
Фахриддин Назаров низ чун узви фаъоли ин гурӯҳ дар ин давраҳо дар ҳудуди ноҳияи собиқ Ленин, ҳозира Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе дар содир намудани чунин ҷиноятҳо иштирок намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






