Ваҳдати миллӣ барои инсонҳо якдилӣ ва барои давлат якпорчагиро таъмин менамояд

Июнь 6, 2018 11:35

ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ- дастоварди бузурги даврони истиқлол» конфронси илмӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронси мазкур аз ҷониби Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шариф Комилзода ва муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оид ба мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- дастоварди бузурги даврони истиқлол» иброз доштанд, ки бешубҳа, Ваҳдати миллӣ дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар саросари мамлакат ҳукмфармост, пеш аз ҳама, барои инсонҳо якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб, тарҳрезии иқтисодии ягонаи барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.

Июнь 6, 2018 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд