Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли 2018 дар шаҳри Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласа Вазири корҳои хориҷӣ самтҳои афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи СААД зикр карда, вазъи мушкили амниятии ҳозираро дар қаламрави Афғонистон махсусан таъкид намуд.
Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






