Вазорати фарҳанг дар пойтахт майдоначаи варзишӣ бунёд кард

Июнь 1, 2018 16:07

ДУШАНБЕ, 01.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии ҳифзи  кӯдакон имрӯз дар маҳаллаи 103-юми  шаҳри Душанбе, дар  кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 42/1   майдончаи варзишии муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни ифтитоҳи майдонча Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш,  муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг, кӯдакони маҳалли гирду атроф ва волидайни онҳо иштирок доштанд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ зери оҳанги шӯхи карнаю сурнай оғоз гардид. Кӯдакони хушбахт ба истиқболи меҳмонон дар васфи Модар – Ватан шеърҳо хонданд  ва ба майдонча ворид шуда, машғули бозӣ гардиданд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки бунёди майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе боиси хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гашта, симои пойтахтро зебову дилоро мегардонад. «Шаҳри Душанберо биҳишти рӯи замин меноманд ва он дар ҳақиқат ба биҳишт табдил ёфта истодааст», — иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Сипас барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардид. Ба кӯдакони маҳал аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон тӯҳфаҳо аз қабили лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.

Июнь 1, 2018 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад