«Зоопарк»-бо ин ном китоби нави нависандаи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор дар Санкт-Петербург ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави нависандаи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Зоопарк» бо сифати баланд дар нашриёти «Первый план»-и шаҳри Санкт-Петербург интишор ёфт.
Маҷмӯа интихобан 20 резаҳикоя, қиссаи «Зоопарк» ва пйеса барои театрҳои лӯхтак- «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк»-ро фарогир аст.
Нависандаи рус, шореҳи мустақили адабиёт ва кино Анна Элвинская, Ҳунарпешаи шоистаи Россия Галина Бокашевская, рассоми машҳури ҷаҳонӣ Миша Ленн, муҳаққиқон Татяна Исабаева ва Мария Белостотская дар қисми пешгуфтори китоб зимни андешарониҳо ба эҷодиёти адиб ва шахсияти ӯ баҳои арзанда додаанд.
Маҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расида, тарҷумаи онро ба забони русӣ Комиламо Камолова анҷом додааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






