3 километр роҳи мошингарди маркази ноҳияи Роштқалъа васеъ ва асфалтпӯш мегардад

Июль 12, 2018 10:55

ХОРУҒ, 12.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Роҳи мошингарди байни шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа, ки бори охир 36 сол пеш таъмир гардида буд, имрӯз бар асари тармафароию сангчарх пурра хароб шудааст. Агарчи масофаи роҳ байни маркази вилоят ва ноҳия ҳамагӣ 35 километр аст, аммо ба сабаби вайрон будани роҳ мошинҳои мусофирбару боркаш ин масофаро дар ду-се соат тай мекунанд.

Директори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ин ноҳия Ғуломносир Пираков гуфт, ки «тавони вазнбардории роҳҳои мошингарди замони шӯравӣ ҳамагӣ аз 5 то 20 тонна буд. Илова бар ин шумораи воситаҳои нақлиёти хусусию давлатӣ даҳҳо баробар камтар буд. Ҳоло аз ин масири роҳ ҳамарӯза садҳо мошинҳои боркаши пуриқтидор ва сабукрав мегузаранд. Аз ин рӯ, бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ батадриҷ роҳҳои мошингарди ноҳия аз нав сохта мешаванд. Ду моҳ пеш навсозии роҳи мошингарди маркази ноҳия, ки се километрро дар мегирад, шурӯъ шуд ва он аввали моҳи сентябри соли равон ба охир мерасад».

Роҳсозони ҶДММ «Панҷ»  то ин муддат 500 метр масофаи роҳро таъмир ва асфалтпӯш намудаанд.  Барои ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо намудааст.

Мутахассисони  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия, ки масъулияти назорати корҳои навсозиро ба дӯш доранд, ба сифати кори роҳсозон баҳои баланд дода, изҳор намуданд, ки минбаъд бо роҳсозони ин ҷамъият ҳамкориро идома медиҳанд.

Июль 12, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад