450 нафар ходимони дин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Июль 19, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки то 23 августи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздидҳои маърифатӣ анҷом диҳад. То ба имрӯз беш аз 450 нафар ходимони дини масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар, Норак, ноҳияи Варзоб, Фархор, Ҷайҳун, Қубодиён, Ёвон, Хуросон, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ бо нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардидаанд.

Дар ин бора зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо ташаббуси роҳбарияти Осорхона ба ҳамаи  тамошобинон баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ китобҳо эҳдо карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади ҷалби рӯҳониёни тоҷик ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шиносоии бештари ходимони дин бо осори таърихиву фарҳангии мамлакат ва огоҳ гардидан аз дастовардҳои ниёгонамон мебошад.

«Кормандони илмии Осорхона бо ин гурӯҳҳои тамошобинон сайри осорхонавӣ гузаронида, ба ин восита онҳоро бо канданиҳои фоиданок, иқлим, олами набототу ҳайвонот, парваришгоҳу мамнуъгоҳҳо, таърихи халқи тоҷик аз асри санг то асри XX, дастовардҳои замони иситиқлолият, ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла рассомӣ, кандакорӣ, кундалкорӣ, намунаҳои матоъҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ, бо таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи худ боз ҳам бештар шинос мекунанд»,-зикр намуд Ф.Кенҷаев.

Сархатиби вилояти Хатлон Усмоналӣ Нуров зимни боздид аз Осорхона дар китоби қайди таассуроти тамошобинон андешаҳои хешро чунин баён намудааст: «Мо, ходимони дини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вақте вориди Осорхонаи миллии Тоҷикистон шудем, барои худ донишу маълумоти хуб гирифтем, зеро ба ин восита мо аз таърихи гузаштаи халқу миллати тоҷик бархурдор гардидем».

Фариддун Кенҷаев дар идомаи суҳбат иброз намуд, ки зимни  пешбурди экскурсия ва саволу ҷавоб бо ходимони дин маълум гардид, ки аксарияти онҳо бори нахуст ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд. «Баъди боздид аз толорҳои намоишӣ шумораи зиёди онҳо ба чунин фикр омаданд, ки аз ин макони фарҳангӣ месазад якҷо бо аҳли оила дидан намуд, то фарзандон аз тамошои  макону манзараҳои таърихӣ баҳраманд гарданд»,-зикр намуд ӯ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик боздиди ходимони дини дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз қабили Роғун, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Рашт ва вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

Июль 19, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид