«75 нафар занону духтарони бешуғл бо ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд»- бардошт аз нишасти матбуотии ноҳияи Шоҳмансур

Июль 25, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин мақомот  дар шашмоҳаи аввали   соли 2018 нишасти матбуотӣ доир шуд.

Нишасти хабарӣ бо ҳисоботи раиси ноҳия  Низом  Ҳакимзода  оғоз гардида, зимни пешниҳоди он, аз ҷумла,  зикр шуд, ки   дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади   буҷети ноҳия  104,8  фоиз  иҷро  гардид.

Номбурда иброз дошт, ки  корхонаҳои саноатии ноҳия  бо назардошти бахши  ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 123, 3 миллион  сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017   —  4, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, яъне он  104,2 фоизро ташкил медиҳад (бо индекси нархҳои истеҳсолӣ 100,0%). Аз  91 адад корхонаҳои саноатии ноҳия     36 адади онҳо  ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  110 фоиз   зиёд таъмин намуданд.

Н. Ҳакимзода ҳамчунин ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки   бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ноҳия  5 маркази касбомӯзӣ  — дар  маҳаллаи  Дӯстии халқҳо  «Маркази  омӯзиши  ҳунарҳои  қолинбофӣ ва адрасбофӣ» барои 20 нафар,  маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ «Маркази омӯзиши ҳунарҳои  сӯзанӣ ва попурдӯзӣ»  барои 20 нафар,  дар маҳаллаи «Ховарон»  «Маркази пухту пази маҳсулоти нонӣ»   барои 10 нафар,  инчунин «Маркази омӯзиши маҳсулоти   қаннодӣ»  ва «Маркази ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои 192-193»  таъсис дода шуданд, ки дар онҳо 75 нафар занону духтарони бешуғл  ба ҳунаромӯзӣ  фаро гирифта  шуданд.

«Айни замон корҳо дар самти ташкили марказҳои омӯзиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ, нонпазӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома дошта, кӯшиш менамоем, ки сафи занону духтарони ҳунарманду кадбонуро дар ноҳия афзоем ва ба ин васила онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем», — афзуд  Н. Ҳакимзода 

Июль 25, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст