АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 24 июл гармтарин рӯзи тобистон хоҳад буд

Июль 20, 2018 08:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Гармии ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон то 25 июл идома ёфта, 24 июл яке аз рӯзҳои гармтарини ин моҳ хоҳад буд. Дар ин рӯз ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ боло меравад.

Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.

Ба иттилои ӯ, гармии аз меъёр зиёди ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 июл идома ёфта, эҳтмол шурӯъ аз 26 июл ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ пасттар гардад. «Тӯли ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон 45 дараҷа, дар Суғд 44, дар ноҳияҳои тобеи марказ 44, ноҳияҳои кӯҳӣ 37, баландкӯҳҳо 28 ва дар Душанбе  43 дараҷа гарм мешавад. 24 июл ҳаво гармтар меояд, ки дар ин рӯз ба сокинони кишвар маслиҳат дода мешавад, ки бе зарурат ба кӯча набароянд»,-зикр намуд Ф.Ахмедов.

Фаридун Ахмедов баён дошт, ки охирҳои моҳи июл вазиши сахти шамол ба амал омада, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор мешавад. Моҳи август муқаррарӣ омада, тӯли ин моҳ боришот начандон зиёд гашта, чангу ғубор ба амал меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+28 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +42 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Июль 20, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд