АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: аз 8 то 10 июл дар Тоҷикистон ҳарорат баланд мешавад
ДУШАНБЕ, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 то 10 июл дар ҷумҳурӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ворид шудани ҳавои гарм аз Эрон тавассути ҳудуди Туркманистон, Ӯзбекистон ва шимоли Афғонистон гармшавии ҳаво дар назар аст.
Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, рӯзона гармии ҳаво дар Вилояти Хатлон ва Суғд 43 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ 40 ва дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 30 дараҷа мерасад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






