Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 июли соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 9 дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо намояндагони ВАО соати 10 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мулоқот мекунад.
Нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






